Лого рус
 
Шаблоны Joomla 3 тут
1. Этикаи нашриявӣ
Риоя нашудани этикаи принсипҳои интишороти илмӣ боиси коҳиш ёфтани мақоми илм ва сифати интишороти илмӣ мегардад. Барои ҳамин риоя намудани принсипҳои этикии интишори маводи илмӣ гарави рушди илм ва сарчашмаи баланд гардидани сифати фаъолияти илмии муаллифон ба ҳисоб меравад.
Идораи нашрияи маҷаллаи “Кишоварз”-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар раванди фаъолияти нашриявӣ меъёрҳои умумии қабулшудаи этикии нашри маводҳои илмиро ба назар гирифта, дар баробари ин аз муаллифони мақолаҳо талаб карда мешавад, ки риояи принсипҳои ҷойдоштаро қатъиян риоя намоянд. Бо ин мақсад идораи нашрия фаъолияти кории хешро дар асоси Декларатсияи ассотсиатсияи таҳририя ва нашриёти илмӣ “Принсипҳои этикии интишороти илмӣ” ва тавсияҳои Committee on Publication Ethics (COPE) ба роҳ мемонад.
 
2. Стандартҳои этикӣ барои муаллифон
– Ҳама муаллифон бояд дар бораи супоридани дасхати мавод ба маҷалла огоҳ карда шаванд. Бинобар ин, ҳар як муаллиф бояд барои пешниҳод намудани мавод дар дастхат барои иҷозат додан имзо гузорад. Аз ин рў, ҳар як муаллиф бояд ба дастхат имзо гузошта барои нашри он розигӣ диҳад.
– Тартиби нишон додани муаллифон, аз ҷониби ҳайати муаллифон пеш аз фиристодани дастнавис ба нашрия, муайян карда мешавад.
– Дар дастхат натиҷаи аслии таҳқиқоти илмӣ пешниҳод карда мешавад. Овардани иқтибос ва тасдиқи он дар асоси қоидаи истифодабарии иқтибос бо нишон додани муаллиф ва сарчашмаи аввалия сурат мегирад. 
– Овардани иқтибоси худӣ ё иқтибосҳои зиёди роҳбари илмӣ, сардори бевоситаи хеш ва ё ҳамкорон аз рўйи одоб нест.
– Дастнавис бояд маводи чопнашуда бошад ва ба нашрия бори аввал пешниҳод карда шавад.
– Муаллифи мақола он таҳқиқотчие ба ҳисоб меравад, ки бевосита дар навиштани мақола, тарҳрезии консепсияи он, ҷамъоварии мавод, таҳлил ва шарҳи он иштирок намудааст. Номи шахсоне, ки дар тайёр намудани дастхат иштирок намудаанд, вале барои эътироф намудани ҳаққи муаллифӣ он нокифоя ҳисобида мешавад, дар бахши сипосгузорӣ ҷой дода мешавад.
 
3. Меъёрҳои ахлоқии эътирофнамоӣ
– Ба сифати тақриздиҳанда шахсе, ки солҳои тўлонӣ аъзои ҳайати илмии коллективи муаллифони маводи тақризшаванда бошад, инчунин дар ҳаммуаллифӣ корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дошта бошанд, буда наметавонад.
– Роҳбари илмии (мушовири илмӣ) яке аз муаллифон ва ё унвонҷўи номзади илм тақриздиҳанда шуда наметавонад.
– Тақриздиҳанда эксперти наздифаннии соҳа тадқиқотӣ мебошад, ки дар доираи он дастхати тақризшаванда иҷро гардидааст.
– Тақриз бояд ба таври объективӣ дар асоси таҳлили ҳаматарафаи илмӣ, услубӣ ва бо ишораи камбудиҳо ба мақолаи илмӣ дода шавад.
– Тақриздиҳанда набояд то нашри мақола аз маълумоту маззмуни мақола истифода намояд.