Маҷаллаи "Кишоварз"
Маҷаллаи назариявӣ ва илмию истеҳсолӣ
Маҷаллаи назариявӣ, илмию истеҳсолии «Кишоварз» аз соли 2000-ум нашр мешавад. Муассиси маҷалла Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мебошад. Рақами мушахасси байналмилалии маҷалла ISSN 2074-5435 аст. Маҷалла 19 марти соли 2018, 063/МҶ бо номи маҷаллаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон «Кишоварз» дар Вазорати фарҳанги Ҷумњурии Тољикистон номнавис карда шудааст. Маҷалла аз 20 июни соли 2018 ба рўйхати адабиёти пешбари Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст. Маҷаллаи назариявию илмӣ – истеҳсолии «Кишоварз» мақолаҳои назариявӣ ва илмию амалиро оид ба самтҳои гуногуни кишоварзӣ бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) дар ҳар се моҳ як маротиба дар ҳаҷми 30-32 ҷузъи чопӣ чоп карда мешавад.
Аз бахшҳои илмҳои кишоварзӣ (агрономӣ, боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ, зооинженерӣ), ветеринарӣ, механиконии кишоварзӣ ва гидромелиоративӣ, иқтисодиёт дар муҷтамеи агросаноатӣ иборат аст.
