Лого рус
 
nachodki.ru интернет-магазин
Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур
Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур яке аз аввалин мактаби олии ҷумҳурӣ буда, соли 1931 дар Хуҷанди бостонӣ бо номи Донишкадаи меваю сабзавотии Осиёи Миёна (ДМСОМ) ташкил шудааст. Соли 1934 ДМСОМ Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон номида шуд. оли 1992 ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон табдил дода шуд. Барои абадӣ гардонидани хотираи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик-Шириншоҳ Шоҳтемур, ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.10.2009 таҳти №603 дар бораи ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон гузоштани номи ин қаҳрамони Тоҷикистон қарор қабул кард. ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур дар солҳои фаъолияти худ донишгоҳ ба як даргоҳи бонуфузи илму ҳунари мамлакат табдил ёфта, дар он масъалаҳои тарбияи мутахассисони кишоварзӣ дар асоси талаботи амалии соҳа ҳаллу фасли худро ёфтаанд. Дар тўли 88 соли фаъолияташ барои истеҳсолоти кишоварзии ватани азизамон ва берун аз он зиёда аз 53510 нафар мутахассиси баландпоя тайёр намудааст, аз он ҷумла 40760 нафар таҳсили рўзона ва 12750 нафар таҳсили ѓоибона мебошад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ (солҳои 1991-2019) ин теъдод зиёда аз 37,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки 70 фоиз аз теъдоди умумии хатмкардагон мебошад. Барои муваффақияти шоён дар таъмини сифат ва афзалият донишгоҳ соли 2003 бо ҷоизаи байналмилалии "ЭРАИ СИФАТ" мукофотонида шуд. Моҳи марти соли 2017 Кумитаи байналмилалии Суқрот (Оксфорд, Британия Кабир) донишгоҳро бо ҷоизаи байналмилалии “Донишгоҳи беҳтарини сол” мукофонид. Донишгоҳ аъзои шабакаи Донишгоҳҳои Евроосиё, Атлантика ва алянси муассисаҳои олии касбии Хитой ва Осиёи Марказӣ мебошад. Таълим дар донишгоҳ бисёрзинагӣ буда, бакалавр, мутахассис, магистр ва доктор аз рўйи ихтисос (PhD) тайёр менамояд. Таҳсил дар шуъбаи ѓоибона бо тарзи фосилавӣ ба роҳ монда шудааст. Алҳол дар 10 факултет ба таълиму тарбия 10080 донишҷў аз рўйи 46 ихтисос ҷалб карда шудаанд, ки аз ин 7905 нафар дар шуъбаи рўзона ва 2175 нафар дар шуъбаи ѓоибона таҳсил менамоянд.Донишҷўён аз рўйи 46 ихтисос ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 7-тои он ҳамгиро мебошанд (ихтисосҳо соли 2011 ҷорӣ гардиданд, ки хатмкунандагон якбора соҳиби 2 тахассус мешаванд). Соли 2019 ихтисоси 250107-15 - иқтисодиёт ва идора дар комплекси агросаноатии зинаи магистратураи донишгоҳ аз аккредитатсия байналмилалӣ аз тарафи ширкати Аврупоии “Акквин” гузашт. Айни замон дар 10 факултет ва 50 кафедра (39 кафедраи тахассусӣ ва 11 кафедраи умумидонишгоҳӣ) 430 воҳиди корӣ мавҷуд аст, ки ба он 450 нафар омўзгор, аз ҷумла, 6 нафар академик ва 6 узви вобастаи АИКТ, 46 доктори илм, 51 профессор ва 145 нафар номзади илм ва 260 омўзгори беунвон барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд. Аз он ҷумла дар соли 2019 19 нафар устодони дараҷаи илмидошта дар донишгоҳ зиёд шуданд. Имрўз барои истифодаи самарабахши омўзгорону унвонҷўён ва босифат гузаштани машѓулиятҳои назариявӣ ва амалии донишҷўёни донишгоҳ 13 бинои таълимӣ, 210 синфхона бо миқдори 6200 ҷойи нишаст, 67 озмоишгоҳҳои таълимию илмӣ, 15 озмоишгоҳи илмӣ-таълимӣ, 15 маркази компютерӣ, 3 маркази интернетӣ ва дар 2 хоҷагии таълимӣ-таҷрибавии шаҳри ҳисор ва ноҳияи Ёвон хизмат менамоянд. Барои пешбурди раванди таълим теъдоди зиёди воситаҳои техникӣ – иттилоотӣ мавриди истифода карор дода шуданд. Мувофиқи нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои солҳои 2016-2020 ва дар асоси нақшаҳои тақвимии тасдиқшуда барои соли 2019 дар донишгоҳ аз рўйи 10 мавзўи фармоишӣ ва 16-мавзўи сарборӣ тадқиқотҳои илмӣ гузаронида шуда истодаанд. Дар донишгоҳ дар баробари иҷрои лоиҳаҳои фармоишӣ аз тарафи устодони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва тахасуссӣ факултетҳои донишгоҳ дар доираи 16 мавзўъ корҳои илмӣ – таҳқиқотии сарборӣ гузаронида мешавад. Дар соли ҷорӣ тавассути 5 Шўрои диссертатсионии фаъолият дошта, аз ҷумла 4 Шўрои диссертатсионии миллии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ 1 нафар рисолаи докторӣ ва 28 нафар рисолаи докторӣ ва дар Шўрои диссертатсионии тобеи КОА-и Ф.Р. 2 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд. Дар маҷмӯъ 34 нафар ҳимоя карданд, ки аз ин миқдор 11 нафарашонро устодони донишгоҳ ташкил дода ҳиссаи иҷрои нақшаи дурнамо 84.6%-ро ташкил медиҳад. Донишгоҳ бо 130 муассисаи олии касбии 26 мамлакат ва 19 ташкилоти бонуфузи хориҷӣ доир ба тайёр намудани мутахассисон, олимони ҷавон, мубодилаи омўзгорону донишҷўён созишномаҳои ҳамкорӣ дорад. Донишгоҳ дорои ҳама шароити таҳсил буда, мустақилияти донишҷўён таъмин карда шудааст ва онҳо дар рўҳияи омўзиши арзишҳои умумибишарӣ, азхуд намудани забонҳои сернуфузи хориҷӣ ва ифтихор аз Ватану забон тарбия меёбанд. Донишгоҳ мутахассисонро дар доираи гурўҳи ихтисосҳои (кластер) 1,2 ва 5-ум омода менамояд. Рамзи тартибии ДАТ ба номи Шиниршоҳ Шохтемур дар ММТ назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон №103 мебошад.