Лого тадж
 
Шаблоны для Joomla 3 здесь

фотоМАҲМАДЁРЗОДА УСМОН МАЪМУР
Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур , доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор


Маҳмадёрзода Усмон Маъмур 23-уми декабри соли 1965 дар ноҳияи ғончӣ (ҳоло Деваштич), дар оилаи коргар таваллуд шудааст.
Ў соли 1991 факултети агрономии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм кардааст.
Маҳмадёрзода Усмон Маъмур фаъолияти меҳнатиро соли 1991 ҳамчун лаборанти калони кафедраи растанипарварӣ оғоз намудааст. Солҳои 1991-1994 дар шуъбаи рўзонаи аспирантураи донишгоҳ таҳсил намудааст.
Солҳои 1995-2007 дар вазифаҳои ассистент, омўзгори калон ва дотсенти кафедраи растанипарварӣ, ҳамзамон солҳои 1995-2005 ба ҳайси ҷонишини декани факултети агрономии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур фаъолият намудааст.
Соли 1996 дар мавзўи «Маҳсулнокии нисбии зироатҳои ғалладона ва лўбиёдона дар кишти ангорӣ вобаста ба меъёри нуридиҳӣ дар шароити водии ҳисор» рисолаи номзадӣ ва соли 2007 дар мавзўи «Илман асоснок намудани технологияи парвариши зироатҳои ғалладона ва лўбиёдона дар кишти ангорӣ дар шароити заминҳои обёришавандаи Тоҷикистони Марказӣ» рисолаи докториро дифоъ намудааст.
Соли 2013 барои фаъолияти бисёрҷабҳаи таълимию методӣ, илмию тарбиявӣ Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ба ў унвони профессори кафедраро лоиқ донист.
Дар солҳои 2000-2020 дар вазифаҳои мудири кафедраи растанипарварӣ, муовини декани факултети ғоибона, декани факултети агрономӣ ва муовини ректор оид ба таълим фаъолият намудааст.
Маҳмадёрзода У.М. муаллифи 7 китоби дарсӣ, 25 дастури методӣ, 10 тавсиянома, 2 монография ва зиёда аз 151 мақолаи илмӣ мебошад. Китобҳои чоп намудаи ў «Хусусиятҳои агротехникии гирифтани ду ҳосили дон дар як сол дар шароити Тоҷикистон» (2000), «Асосҳои тухмишиносии зироатҳои саҳроӣ» (2008), «Растанипарварӣ бо асосҳои тухмишиносӣ» (2011), «Сабзавотпарварӣ» (2014), «Картошкапарварӣ» (2014), «Асосҳои агрономӣ» (2016), «Сабзавотпарварӣ» (2019) барои донишҷӯёни факултетҳои боғдорӣ , агрономӣ, агробизнес, иқтисодӣ ва баҳисобгирӣ ва молия китоби дарсӣ ва илмӣ ба шумор мераванд.
Таҳти роҳбарии ў 5 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд, ки яке аз он доктор PhD аз рўйи ихтисос мебошад. Айни замон зери роҳбарии ӯ 3 нафар рисолаи номзадӣ ва як нафар рисолаи доктор PhD аз рўйи ихтисос иҷро намуда истодаанд.
Барои фаъолияти бисёрсола дар соҳаи маориф соли 2002 ба унвони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва соли 2009 бо Ифтихорномаи Вазорати кишоварзӣ қадр карда шудааст.
Бо қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2020 ба вазифаи ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур таъин гардид.