Лого тадж
 
Шаблоны для Joomla 3 здесь

фотоАҳмадов Баҳромҷон Раҷабович
Муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, доктори илмҳои техникӣ, профессор


Аҳмадов Баҳромҷон Раҷабович 7 ноябри соли 1975 дар ноҳияи Рўдакӣ таваллуд шудааст.


Соли 1998 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро хатм намуд ва ба ҳайси ассистенти кафедраи механикаи назариявӣ дар донишгоҳ ба фаъолият пардохт, то соли 2003 дар ҳамин вазифа буд. ҳамзамон солҳои 2000-2003 аспирантураро ба итмом расонид. Соли 2003 омўзгори калони кафедраи механикаи назариявӣ гардид ва то соли 2008 ин вазифаро пеш бурд.


Соли 2006 дар Шўрои диссертатсионии Шимолу Ѓарби Институти илмӣ - таҳқиқотии механикунонӣ ва электриконии хоҷагии қишлоқи шаҳри Санкт-Петербург рисолаи намзадиро дифоъ намуд.


Соли 2008 дотсенти кафедраи механикаи назариявӣ интихоб гардид. Солҳои 2001-2009 муовини декани факултети механиконии кишоварзӣ таъин шуд.


Солҳои 2009-2019 вазифаи декани факултети номбурдаро ба зимма дошт. Муддати 6 сол (2013-2018) дотсенти кафедраи механикаи назариявӣ ва графикаи муҳандисӣ буд.


Соли 2018 дар мавзўи «Совершенствование технологии и технических средств для повторного посева сельскохозяйственных культур в Республике Таджикистан» дар шаҳри Воронежи Федератсияи Россия рисолаи докториро ҳимоя намуд ва соҳиби унвони доктори илмҳои техникӣ гашт.


Аз 1 ноябри соли 2018 то ҳол профессори кафедраи мошинҳои кишоварзӣ ва механиконии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.


4 сентябри соли 2019 муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур таъин гардид. Муаллифи 120 мақолаи илмӣ, 5 китоби дарсӣ буда, соҳиби 15 патенти ихтироъкорӣ мебошад. Таҳти роҳбарии Аҳмадов Б. Р. 3 рисолаи номзади илмҳои техникиро ҳимоя кардаанд. ҳоло роҳбари илмии 3 унвонҷў мебошад.


Соли 2010 барандаи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, соли 2011 ихтироъкори беҳтарини ҷумҳурӣ гардида, соли 2014 бо медали «Хизмати шоиста» қадр карда шудааст.